Аз соли 1975 инҷониб дар тамоми ҷаҳон фарбеҳшавӣ қариб се баробар афзудааст ва дар натиҷа бемориҳои дил, саратон ва диабети қанд рӯ ба афзоиш доранд. Кишварҳо тавсияву дастурҳоро барои ғизои солим таҳия кардаанд, ки ба талаботи ғизои маҳаллӣ ва аҳолӣ мутобиқ гардонда шудаанд.

Истеъмоли ғизо бо дарназардошти дастрасӣ ба ғизо, урфу одат ва фарҳанг гуногун мешавад.Вақте ки сухан оид ба ғизо меравад, новобаста аз он ки мо дар кучо иқомат дорем  ва кадом намуди ғизо барои мо хуб  ва кадоми он хуб нест,  маълумоти зиёд дорем. Аммо тағиротҳои иҷтимой ин афзалиятҳоро  мураккабтар мегардонанд. Ҳангоме ки бисёре аз кишварҳо ҳанӯз бо мушкилоти норасоии ғизо мубориза мебаранд, бештари мардум дар саросари ҷаҳон ғизоҳои дорои калорияи зиёд, чарбуи зиёд, қанди зиёд ва намаки зиёд доштаро истеъмол менамоянд. Шаҳришавӣ, намудҳои бештари ҷойҳои корие, ки ҳаракати ҷисмонии зиёдро талаб намекунанд ва нақлиёти тағирёбанда сатҳи фаъолияти ҷисмонии одамонро паст карда, барои тамоми аҳолӣ хавфи фарбеҳшавӣ, вазни зиёдатӣ ва бемориҳои дахлдорро ба вуҷуд меорад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ аз соли 1975 фарбеҳӣ қариб ки се баробар афзун ёфтааст ва ва аз ин сабаб теъдоди як қатор бемориҳо ба монанди диабети қанд, бемории қалб ва саратон афзоиш ефтааст. Ин тамоюл бо давлатҳои сатҳи даромадашон баланд маҳдуд намегардад. Дар асл дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна шумораи ашхоси вазни барзиёд дошта ва фарбеҳ босуръат зиёд шуда истодааст. Ҳамзамон, дар бисёр мавридҳо кишварҳои дараҷаи даромадашон паст ва миёна  бо сатҳи баланди қадпастӣ, талафот ва норасоии микроэлементҳо мубориза мебаранд.

Ҳангоме ки фарбеҳшавӣ рӯ ба афзоиш дорад, тавсияҳо оид ба ғизои солим ва парҳез хеле муҳим мебошанд. Дар асоси далелҳои мавҷудаи охир, дастуру тавсияҳои таҳияшуда барои ғизои беҳтар ва солимтар будани аҳолии давлатҳо равона карда шудаанд.

Дар сомонаи Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии СММ (ФАО) тавсияхо оид ба ғизои солим пешниход шудаанд.Зиёда аз 100 кишвархои дунё дастурхои ғизои солим, яъне парҳези дурустро таҳия намудаанд, ки ба ғизои маҳаллӣ ва шароити мардум мутобиқ гардонда шудаанд.

Гарчанде ки дастуру роҳнамоҳо аз нуқтаи назари сохтор ва шакл метавонанд гуногун бошанд (сар карда аз буклетхо то плакату видеохо, аз пирамидахои машхури озуқа  ва рулети мураббогии Куриёи Чанубӣ то ананаси Фиҷӣ ва деги дамдиҳии Гайана), вале мӯҳтаво хеле монанд мебошад.

 Аксари дастурҳо тавсия медиҳанд, ки одамон бояд ҳадди ақал дар як рӯз 3-5 маротиба мева ва сабзавот истеъмол намоянд. Барои шахсоне, ки шириниро дӯст медоранд, мева нисбати қандҳои коркард кардашуда алтернативаи хуб шуда метавонад.

 7 одати тановули ғизое, ки боварӣ дорем барои мо хуб аст:

  1. Сабзавоту меваҷотҳоро фаровон истеъмол намоед – Баъзе аз кишварҳо бобати миқдори истеъмоли меваву сабзавотҳо, ки мо бояд ҳамарӯза истеъмол намоем хеле мушаххас ҳастанд. Масалан, дар Юнон шаш, дар Коста Рика ва Исландия бошад панҷ маротиба истеъмоли меваву сабзавотро дар як рӯз тавсия медиҳанд. Канада ҳатто рангҳои сабзавотро барои истеъмол намудан (як адад сабзавоти рангаш сабзи баланд ва як адад сабзавоти рангаш норанҷиро дар як рӯз) муайян кардааст. Ҳаҷми истеъмол бо дарназардошти шароити кишвар метавонад гуногун шавад; Бо вуҷуди ин ҳамаи дастурҳо истеъмоли фаровони меваву сабзавотҳои тару тозаро ҳамарӯза тавсия медиҳанд.
  2. Ба истеъмоли маҳсулотҳои чарбудор диққат диҳед. Қисмати зиёди дастурҳо коҳиш намудани истифодаи чарбуҳои сахт ва  ҳаднокро таъкид мекунанд. Инчунин иваз намудани равғани ҳайвонотро бо равғани растанӣ тавсия медиҳанд. Дар Юнон равғани зайтун тавсия дода мешавад, дар Ветнам бошад равғани кунҷид ва арахис. Ҳар як дастур такя мекунад ба муҳим будани дастрасӣ ва афзалияти фарҳанги мардуми кишвар.
  3. Кам намудани истеъмоли ғизо ва нӯшокиҳое, ки миқдори зиёди қанд доранд – Аслан қанде, ки коркард карда шудааст ба саломатии  мо зарар дорад. Дар ҳар як кишвар дастурҳо  тавсия медиҳанд, ки ғизои таркибаш қанди камдоштаро истеъмол намоянд ва барои қаноатманд намудани ҳаваси ширинӣ ба ҷои шириниҳо ва нӯшикиҳои коркард кардашуда мевагӣ истеъмол намоянд.
  4. Кам кардани истеъмоли натрий/намак – Нигерия кам кардани истифодаи хуштаъмкунандаҳои шурборо таъкид мекунад; Малта маҳдуд кардани истифодаи хӯрокҳои тайёреро, ки дар таркибашон миқдори зиёди натрий (консентрат) доранд, тавсия медиҳад. Аз дигар тараф Колумбия истифода накардани гӯшти коркардшуда ва маҳсулотҳои консервшударо, ки одатан дар таркибашон миқдори зиёди намак доранд,  маслиҳат медиҳад. Ҳамаи кишварҳо ба як созишномаи умумӣ омадаанд, ки ғизо бо миқдори ками намак барои шумо беҳтар мебошад.
  5. Мунтазам об нӯшед – Ҳама дастурҳо таъкид мекунанд, ки об беҳтарин ташнашикан аст. Албатта мо бояд ҳамеша сараввал боварӣ ҳосил намоем, ки оби ошомиданӣ бехавф мебошад.
  6. Агар шумо нӯшокии спиртӣ истеъмол намоед, онро дар ҳадди эътидол истифода баред – агар шумо машруботи спиртдор нӯшиданӣ бошед, бигзор он оби ҷав аст, шароб ё ин ки ликёр/арақ қарори мувофиқкардашуда чунин аст, ки он бояд то ҳадди эътидол бошад.
  7. Машқи ҷисмониро қисмати фаъолияти ҳар рӯзаи худ қарор диҳед — Барои одамоне, ки вазифа е ин ки тарзи ҳаети камҳаракат доранд ҳадди ақал 30 дақиқаи вақти худро бояд барои машқи ҳаррӯза ҷудо намоянд. Бо вуҷуди ин дастурҳои давлати Бенин таъкид менамоянд нафароне, ки вазифаашон меҳнати ҷисмонии сахтро талаб мекунанд машқи иловагӣ он қадар муҳим намебошад.

 Хислатҳои истеъмоли ғизо аз синни ҷавонӣ ташаккул меёбанд. Бо дастрас намудани тавсияву маслиҳатҳо оид ба парҳези солим ба оилаҳо имкон медиҳад, ки нисбат ба ғизо ва саломатӣ масъулиятро ба зиммаи худ гиранд.

Дастурҳои гуногун маслиҳатҳои гуногунро бобати ғизои солим пешниҳод менамоянд: аз хӯрокатон лаззат баред (Руминия), ҳамроҳи оилаатон тановул намоед (Венесуэла), тарзи анъанавии истеъмоли ғизоро зинда нигоҳ доред (Бенин), мӯҳити зистро муҳофизат намоед (Қатар), хӯрокро бо шарикатон тановул кунед (Коста Рика) ва хӯрокро аз ҳад зиёд бирён накунед (Олмон). Бразилия роҳи алтернативии гурӯҳбандӣ кардани ғизоро дар асоси дараҷаи коркардгардонӣ пешниҳод намуд ва худдорӣ намудан аз маҳсулотҳои ултра (ниҳоят) коркард кардашударо тавсия медиҳад. Инчунин баъзе аз ин дастурҳо таъкид мекунанд, ки  мо бояд захираҳои табий ва гуногунии биологии табиатро дар баробари таъмини бехатарии озуқаворӣ барои ҳамаи инсоният ҳифз намоем.

Созмони Озуқаворӣ ва Кишовразӣ (ФАО) давлатҳоро дар таҳия, баррасӣ ва амалӣ намудани дастуру тавсияҳо барои ғизои солим дастгирӣ мекунад. Дастурҳо оид ба ғизои солим барои расидан ба тарзи ғизои солим ва ҳаёти солим ба одамон кӯмак мерасонад. Бо дастуру тавсияҳои кишваратон шинос шавед dietary guidelines!

www.fao.org