Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузории кишвар дар бораи боигариҳои зеризаминиро такмил доданист, то ки минбаъд аз қаллобиҳо дар ин самт пешгирӣ шавад.
«Комиссияи ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати шарт ва талаботҳоро барои ширкатҳое, ки барои иктишоф ва коркард дар ин ё он кон ё макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок иҷозатнома мегиранд, омода карда истодааст», — гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.
Ба қавли ӯ, як қатор ширкатҳои беинсофи хориҷӣ иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро гирифта, бо роҳи қаллобӣ ва тавсифи муҳити хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иҷозатномаҳоро ба ширкатҳои сеюм фурӯхта, ба ин васила пул кор кардаанд.
«Ширкатҳое, ки иҷозатномаҳоро харидаанд, ба Тоҷикистон омада аз фиреб огоҳ шуданд ва маҳз ин масъаларо, ки қонунгузории мо ба хариду фурӯши иҷозатнома бидуни розигии ҳукумат имконият намедиҳад», — гуфт роҳбари Саридораи геология.
Номбурда қайд кард, ки ҳодисаҳои ба ин монанд замонҳои гуногун бо конҳои ангишти «Назарайлоқ» ва «Зиддӣ» рух дода будаанд. Мурод Хол аз номбар кардани номи ин ширкатҳои бевиҷдон худдорӣ кард.
Дар ин робита, изҳор дошт ӯ дар идома, тӯли се соли ахир комиссияи ҳукумат аз додани иҷозатномаҳо худдорӣ мекунад.
Таъкид шуд, ки мутобиқи шартҳои нав, Тоҷикистон муайян кардани муҳлатҳои мушаххаси таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи тайёр аз ҷониби сармоягузоронро ба нақша гирифта, ин лоиҳа минбаъд бояд аз ҷониби мутахассисони тоҷик маъқул шуморида шавад ва ҳамчунин ҳукумат бо тамоми шарту талаботҳо қонуни нав дар бораи боигариҳои зеризаминиро омода карданист, ки даҳсолаҳо ба некӯаҳволии мардуми тоҷик хизмат кунад.
Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати 90 кон ва макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок, ҳамчунин 10 кони аллакай тайёр барои коркард омода шуда, баъди тасдиқ шудани шартҳо ва талаботҳои нав ба сармоягузорон, ҷиҳати дастрасии иҷозатномаҳо барои иктишоф ва коркарди конҳо ва макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок тендер эълон мешавад.