Таҳлили хок

Ташкилоти Ҷамъиятии Суғдагросерв Мушовир ба муштариёни худ хизматрасониҳои нав пешниҳод менамояд, ки гузаронидани ТАҲЛИЛИ ХОК дар замини хоҷагиҳои деҳқонии Шумо мебошад. Гузаронидани таҳлили хок якчанд манфиатҳо дорад:

  • имкониятҳои кам намудани хароҷоти харидории нуриҳо
  • истифодаи мақсадноки нуриҳо
  • банақшагирии эҳтиёҷот ба обёрии замин
  • пешгирӣ кардани замини худ  аз вайроншавии таркиби хок

БАРОИ ЧӢ ТАҲЛИЛИ ХОК МУҲИМ АСТ?

  • барои донистани миқдори микроэлементҳо, ки дар хок тағйирёбанда  ва дигаргуншаванда мебошанд, зеро аз ин ҳосилнокии замин вобаста аст.
  • Имконияти ҳисоб кардани миқдори  лозимаи  нуриҳо барои зироатҳои мухталиф.
  • Муайян кардани дараҷаи ҳосилнокии хок, азбаски ҳосилнокии растаниҳо аз дараҷаи рН вобастагии калон дорад, донистани рН-и хок бисёр муҳим аст;
  • Одатан таҳлили хок бояд 1 маротиба дар 3 сол гузаронида шавад, аммо санҷиши солонаи хок маълумоти пурра оид ба таркиби хок медиҳад;

Мутахассисони ташкилот таҳлили хокро  дар вақти дилхоҳ ҳангоми мусоид будани шароит барои гирифтани намунаи хок аз замин гузаронида мешавад. Тавсия дода мешавад, ки моҳҳои феврал-апрел ва сентябр-ноябр барои гузаронидани таҳлили хок беҳтарин мебошанд .

АРЗИШИ ГУЗАРОНИДАНИ 1 САНҶИШ:

  • аз рӯи фармоиши ташкилоту идораҳо – 400 сомонӣ;
  • аз рӯи фармоиши хоҷагии деҳқонӣ – 250 сомонӣ.

Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Барака Бобоева, 2
Телефонҳо: (37) 880 24 84, 92 740 84 14