Рӯзи 26 ноябр дар Душанбе намоишгоҳ-фурӯши картошка ва таъому хӯрданиҳои гуногун аз он баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти фаврии Вазорати кишоварзииТоҷикистон, то 18 ноябр дар ҷумҳурӣ 821 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 185 ҳазору 181 тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳанӯз моҳи сентябр дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар кам шудааст. Аммо акнун мегӯянд, Тоҷикистон қодир аст, ки талаботи аҳолиро бо он қонеъ кунад.
Тибқи маълумоти Агентии омор бошад, то 1 ноябри соли ҷорӣ дар тамоми хоҷагиҳои кишвар 939 ҳазору 342 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 1 ҳазору 930 тонна бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ ба 32 ҳазору 158 гектар баробар аст, аз ҷумла дар вилояти Суғд зиёда аз 15 ҳазор га, ВМКБ – ҳудуди 1,3 ҳазор га, вилояти Хатлон – беш аз 5,8 ҳазор га ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 9,7 ҳазор га.
Ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурӣ 233 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар ВМКБ – 136, вилояти Суғд – 275, вилояти Хатлон – 178 ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 222 сентнер.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати кишоварзӣ Лоиқ Тӯйчизода зикр кард, соли 2021 ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ 1 млн 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, имсол дар сатҳи 1 млн 108 ҳазор тонна дар назар аст.
Бино ба маълумоти оморӣ, барои як сокини Тоҷикистон дар як сол бояд 92 кило картошка ҷамъоварӣ шавад ва ба гуфтаи Лоиқ Тӯйчизода, Тоҷикистон метавонад талаботи аҳолиро ба картошка таъмин кунад.
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар воқеият ҳаҷми истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои як кас дар як сол – ҳудуди 120 кило арзёбӣ мешавад ва ба ин тариқ, талаботи умумии Тоҷикистон ба ин навъи маҳсулот то 1,3 млн тонна боло меравад.
Айни замон нархи 1 кило картошка дар Душанбе ба ҳисоби миёна 5-6 сомонӣ, Хуҷанд – 4, Рашт – 3,5, Бохтар – 5 ва Хоруғ – 6 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 ноябр дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ-фурӯши картошка ва таъому хӯрданиҳои гуногун аз он баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ин намоишгоҳ хоҷагиҳои деҳқонӣ навъҳои беҳтарини картошка ва таъому хӯрданиҳои гуногунро аз он ба маърази тамошо мегузоранд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, баргузории Ҷашнвораи картошкаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд рӯзҳои 14-16 ноябр супориш дода буд.
asia.plus.tj