Дар моҳи август киштзори харбуза ва тарбузи дерпазро коркарди байниқаторӣ, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9  0,5 л+0,5 л/га,  ё  Codafol 8-11-3  0,7л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) истифода бурдан тавсия дода мешаванд. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (антракноз, гардзании ордак, пӯсиши реша, доғзани биринҷи (касали зард), гузаронидани коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгиситҳои Браво 2,0 л/га, Ридомил голд 2,5 кг/га, Топаз 0,3 л/га, Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об) тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, ширинча, трипс, тортанаккана, пашшаи харбуза Аваунт 0,450 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, Тиовит Джет 80% 2 кг/га, Вертимос 0,5 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,150 л/га Энжио, 1,0 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит, инсектитситҳо ва афзоишкунанда (стимулятор, Агровитамини У-9  0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. Коркарди кимёвӣ (алафҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор ва алафҳои яксолаи дупаллагӣ) бо гербисити Фюзелад форте 30-50 гр якҷоя бо 10 л об маҳлул карда, пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, ё N-70 кг, P-50 кг. K-30 кг моддаи таъсиркунонда даровардан тавсия дода мешавад.