Давом додани ҷамъоварии ҳосили картошкаи миёнпазак. Картошкаи кишткардашудаи дерпазро коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9  0,5 л/га ё  Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га,  Оракул МКС 1 л/га, Изобион 1,0 л/га (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) истифода бурдан тавсия дода мешавад. Инчунин, хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша) бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об) тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, гамбӯсаки колорадоӣ  0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио, 1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит, инсектитситҳо ва афзоишкунандаҳоро (стимулятор, Агровитамини У-9  0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст.  Барои афзоиши хуби картошка дар давраи нашъунамо маводҳои Codamicro 0,5 л/га, Codafol 8-11-3  0,7 л/га, пеш ва дар давраи гулкунӣ Coda В-Мо 0,4 л/га аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Мубориза бар зидди алафҳои бегона бо гербисити “Зенкор” 0,6-0,8 л/га  якҷоя бо 300-400 л об истифода баред, ки ин намуди гербисит ҳам алафҳои сӯзанбарг ва ҳам алафҳои паҳнбаргро несту нобуд мекунад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ  карда шавад. Обёриро бо меъёри муайянкарда ва шароити минтақа ё бо зарурат гузаронед.