Барои боғи гелос дар моҳи август тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, ҷамъоварии ҳосили миёнапаз, гузаронидани буриши тобистона, тоза кардани боғ аз алафҳои бегона ва нармкунии байни қаторҳо мебошанд. Инчунин, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, коркард бо фунгитсидиҳои Скор 0,2 л, Хорус 0,3 кг, Топаз 0,3-0,4 л ё Косайд 2,0 кг + 2 л Актеллик, инчунин метавонед аз ин инсетиситҳо Энжио 0,25 л, Каратэ 5% 0,6 л, Десис 10% 0,15 л якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда истифода баред. Гузаронидани коркард баъди ҷамъоварии ҳосил тавсия дода мешавад. Ин чорабинӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва зараррасонҳои сипарболак, тортанакканаи оддӣ ва сӯрохкунандаи баргҳои гелос натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои хуб афзоиш кардани дарахт ва пухта расидани муғчаҳои мевадиҳанда, пошидани маводи Codafol 8 -11-3  0,7 л, Codamicro 0,5 ё 1,0 л Оракул мкс (якҷоя бо 800-1000 л об) аз барг истифода бурдан тавсия мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа бо меъёр ё зарурат гузаронед.