Мавсими кишти гандум оғоз ёфта истодааст. Аз ин лиҳоз, бояд навъҳои серҳосил, ба минтақа ва касалӣ тобовар ва устуворро интихоб ва тайёр кардан тавсия дода мешавад. Навъҳои ватанӣ ва хориҷиеро, ки аз санҷиш гузаронида шудаанд, интихоб намоед. Баъд аз гузаронидани кишт, албатта обёрӣ намудан лозим аст. Барои тезонидани афзоиши гандум ғизодиҳӣ аз барг дар минтақаҳои кӯҳӣ бо Агровитамин У 9  0,5 л/га, Codamin 2,0 л/га, Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Оракул мкс 1,0 л/га (барои 1 га бо 200 — 300 л об омехта) пошидан тавсия дода мешавад. Ин чорабинӣ зироатро аз хунукӣ ва гармӣ нигоҳ медорад ва ҳосилнокии ғалларо зиёд мегардонад. Инчунин дар минтақаҳои кӯҳӣ тайёрӣ ба ҷамъоварии ҳосил мебошад. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо аз заҳрдоруҳои Каратэ 5% к.э  0,2 л/га, Имидаклоприд 0,2 л/га, Малатион 0,5 л/га истифода баред. Аз инсектиситҳои номбаршуда фақат яктояшро якҷоя бо 200-300 л об истифода бурдан тавсия дода мешавад.