Кунҷидро аз давраҳои қадим дар Миср, Юнон, Эрон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Африқо ва Аврупо аз сабаби аз моддаҳои ғизоӣ бой будани тухми кунҷид парвариш мекунанд. Инчунин аз он равған тайёр мекарданд. Таърихи пайдоиши кунҷид эҳтимол аз Ҳиндустон сар мешавад, чунки дар он ҷой кунҷиди худрӯй дарёфт шудааст.

Ватани кунҷидро инчунин Африқо мегӯянд, чунки дар он ҷой намудҳои гуногуни он дучор мешавад. Як намуди он — кунҷиди ҳиндӣ (Sesamum indicum) дар бисёрии мамлакатҳои субтропикию тропикӣ васеъ паҳн гардидааст.

Тухми кунҷиди сиёҳ нисбат ба дигар рангҳои он хушбӯйтар мебошад, аз ин сабаб онро бештар барои тайёр намудани равғанҳои хушсифат истифода мебаранд. Донаҳои сафеди кунҷидро бисёртар барои тайёр кардани нонҳо истифода мебаранд. Локин сифатан моддаҳои таркиби дони кунҷид аз ҳам на он қадар фарқ мекунанд. онро дар мамлакатҳои Шарқ ва Африқо ҳазорҳо сол кишт менамоянд.

Хусусиятҳои биологӣ

Кунҷид растании равғановари алифи яксола мебошад. То 2м қад мекашад. Навдааш 4 ё 8 қира аст, рост месабзад. Баргҳояш дар танаи растанӣ паси ҳам ва ё рӯ ба рӯ ҷойгиранд. Гулҳояш калон, 1-3 баъзан 5-тогӣ дар асоси баргҳо ҷойгиранд, гулпояҳояш кӯтоҳ. Гулбаргаҳояш 5-то, рангаш гулобӣ. Кунҷид моҳи июн-июл гул мекунад, тухмҳояш август-сентябр пухта мерасад.

Гули кунҷид ҳамагӣ як рӯз мешукуфад, дар ин муддати кӯтоҳ он худ гардолуд мешавад. Мевааш ғӯза– қуттичаи дарозрӯя мебошад, ки иборат аз 4-6-8 қира, дарозиаш 3-5 см, дар танаи навда ҷафс часпида мебошад, ҳангоми пухта расидани тухмҳояш кушода мешавад. Дар ҳар ғӯзааш то 80-100 дона тухмҳои гуногунранг сафед, сиёҳ, қаҳваранг, тиллоранг ҷойгир шуданаш мумкин аст. Дарозии тухми донаи кунҷид вобаста аз навъ 2- 2,5 мм, памиаш 1,6-2 мм, вазни 1000 донааш 2-5г мебошад.

Тиррешааш боқувват ба қабати замин то 1м чуқур меравад, решаҳои паҳлӯгиаш одатан дар қабати рӯи замин наздик ҷойгиранд. Аз сабаби решаҳои боқувват доштанаш ба хушкиҳо тобовар мебошад. Бинобар он кунҷидро на танҳо дар заминҳои обӣ, балки дар заминҳои лалмие, ки боришотҳои солонааш на кам аз 500мм аст, кишт намуда, ҳосили хуб мегиранд.

Мӯъҷизаи кунҷид

Тухми он то 50-60% равған,12% ангиштоба, 19% сафеда, витаминҳои В1, В2, РР, Е, А, С дорад. Ба ғайр аз ин дар таркиби он элементҳои магний, калий, фосфор, мис, оҳан, натрий, марганетс ва синк мавҷуд аст. Миқдори оҳаки он бошад, баробари миқдори оҳаки шири гов аст.

Барои ҷудо намудани равған, тухми кунҷиди пешакӣ бирёнкардашуда ва ё хомашро истифода мебаранд. Дар ҳолати якум ранги равған тира ва таъмаш хушбӯй мегардад, дар ҳолати дуюм бошад рангаш равшан ва сифатан фоидабахштар мешавад. Дар таркибаш моддаи махсус вуҷуд дорад, ки бинобар он равғани кунҷид то 7 сол, ҳатто дар ҳарорати баланди ҳавою намии баланд нобуд намешавад. Ӯ қобилияти зиддимикробӣ, зиддибактериявӣ дорад, ба газакҳо ва бемориҳои шамолхӯрда даво мебошад. Устувории организмро бар зидди ҳаргуна касалиҳо мустаҳкам менамояд, инсонро хушҳол менамояд. Гоҳ-гоҳ бо миқдори кам истеъмол намудани он касалиҳоро пешгирӣ менамояд ва организмро ҷавон нигоҳ медорад. Равғани кунҷид аз лететсин бой мебошад, ин модда қобилияти касалиҳои ҷигарро пешгирӣ намуданро дорад.

Яке аз элементҳои асосии таркиби тухми кунҷид ин моддаи «сезамин» аст, ки антиоксиданти боқувват мебошад. Ӯ миқдори холестеринро кам карда, равиши мубодилаи моддаро мӯътадил нигоҳ медорад, фишори баланди хунро паст менамояд, фаъолияти кори ҷигарро беҳтар мегардонад. Равғани кунҷиде, ки бе таъсири ҳарорати баланд фишурда ҷудо карда мешавад, дар соҳаи хӯрокворӣ хеле арзишнок ба ҳисоб меравад ва онро ба ҷои равғани зайтун истифода бурдан мумкин аст. Онро инчунин барои тайёр намудани консерваҳо, маскаҳо, маҳсулотҳои қанодӣ ва соҳаи тибб истифода мебаранд.

Равғане, ки бо таъсири ҳарорати баланд фишурда ҷудо менамоянд, аҳамияти техникӣ дорад.

Таъми равғани кунҷид нисбат ба равғани зайтун хушбӯйтар аст ва талх нест. Барои бирён кардан равғани кунҷидро истифода намебаранд, чунки вай тез аланга мегирад ва дар таркиби он моддаҳои зараровари – кансероген-ӣ пайдо мешавад, ки ба саломатӣ зарар дорад. Бинобар он равғани кунҷиди доғ накардаро асосан барои болаззат намудани маҳсулотҳои хӯрока ва салатҳо ҳамроҳ менамоянд.

Вақти харидани кунҷид бояд донист, ки донаҳо бо ҳам часпида набошанд ва пурра хушк бошанд. Донаҳои хоми кунҷид дар таркибаш нисбат ба бирён кардаи он бисёртар моддаҳои фоидабахш дорад. Лекин тухми нопухтаи кунҷидро аз 1-2 моҳ зиёд нигоҳ доштан лозим нест, чунки онҳо дар ин мӯҳлат талх мешаванд.

Равғани кунҷидро бештар дар соҳаи тибб, косметикӣ, собунсозию атриёт истифода мебаранд.

Кунҷиди аз пӯстлохаш тозакардашударо фишурда (кӯбида) хамира тайёр мекунанд. Аз он равғани тахинӣ ҳосил мешавад, аз он асосан ҳалво истеҳсол мекунанд. Кунҷорае, ки пас аз кашида гирифтани равған боқӣ мемонад, протеини зиёд дорад, бинобар он ӯро ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ истифода мебаранд. Донаи кунҷидро бештар дар соҳаи нонпазӣ истифода мебаранд.

Тухми кунҷиди сабзонидашуда ниҳоят шифобахш буда, устувории организмро бар зидди касалиҳо мустаҳкам менамояд, организми сустгардидаро боқувват менамояд, ба касалиҳои найчаю дил давои хуб мебошад.

Барои кунҷидро сабзонидан, тухми кунҷиди сиёҳро ба қабати докаи дуқабатаи тар гузошта, ба ҷои равшании ҳарораташ 18-200С нигоҳ медоред. То ба сабзиш шурӯъ намудани тухмӣ докаро доим нам нигоҳ доштан лозим аст. Ҳангоме ки тухмӣ неш зада 1- 2см сабзид, онро истеъмол кардан мумкин аст.

Агротехникаи кунҷид

Вобаста аз навъ ва шароити агротехникаи парвариш давраи нашви кунҷид аз 80 то 150 рӯзро ташкил медиҳад. Кунҷид ба гармию равшанӣ талаботи хеле калон дорад. Тухмиҳои кишт кардашуда баробари ҳарорати замин ба 15-180С расидан неш мезананд, ҳангоми 20-300С будани гармӣ, дар давоми 2-3 рӯз сабзида мебароянд.

Дар давоми моҳи якум кунҷид нисбатан сусттар инкишоф меёбад. Дар ин маврид аз 15 дараҷа паст фаромадани ҳарорати ҳаво ва ё кам будани намӣ барои амалиёти кунҷид хавфнок аст.

Дар хотир доред, ки дар ҳолати +2 — +30С гарм будани ҳаво растании кунҷид мемирад. Ҳарорати 25-350С барои нағз нашъунамо ёфтани он беҳтарин ба ҳисоб меравад.          Кунҷид нисбат ба хушкиҳои ҳаво, ба хушкии замин тоб меоварад, яъне гармиселҳои тобистонаро бад мебинад. Баробари он заминҳои сероб ва намии баланди ҳаворо тоқат намекунад. Кунҷидро дар заминҳои аз алафҳои бегона тоза ва ҳосилхез ҷойгир кардан хуб аст. Пешинакишти беҳтарин барои он растаниҳои лӯбиёгӣ, ғалладонагӣ, бодиринг, картошкаи барвақтӣ ба ҳисоб меравад.

Заминро барои кишти кунҷид аз тирамоҳ тайёр мекунанд. Пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба замини кишт дохил кардани 10 тонна поруи органикӣ бо якҷоягии 200 кг суперфосфат, 50 кг сулфати калий мувофиқи мақсад аст. Пеш аз кишт замин бояд култиватсия ва чизел карда шавад. Аз сабаби майда будани тухмӣ замин бояд босифат нарм ва мола карда шуда бошад. Кишти кунҷидро пас аз ҷамъоварии сабзавотҳои барвақтӣ монанди карам, пиёз, картошка, сабзӣ, бодиринг коридан оқилона мебошад, ки ин одатан ба нимаи дуюми моҳи май рост меояд.

Байни қатори кишти кунҷид бояд 45-60см бошад, тухмиро ба чуқурии 2-3см зери хок кардан лозим аст. Меъёри тухмӣ вобаста аз нақшаи байни қатори кишт 5-8 кг/га мебошад.

Кишти кунҷидро бояд саривақт аз алафҳои бегона тоза кард. Ҳангоми 3-4 барги ҳақиқӣ ба вуҷуд овардан, кишт бояд ягона карда шавад. Дар ҳар як метр 7-10 растанӣ гузошта, боқимондаашро канда партофтан лозим аст.

Вобаста аз намии замин обёрии кунҷидро муайян менамоянд. Дар марҳалаи саршавии шукуфтани гулҳо растании кунҷид бояд бо об нағз таъмин бошад. Дар давоми нашви кунҷид ба замини кишт ҳамчун озуқа даровардани 50 кг нурии азотӣ ва 25 кг фосфорӣ зарур аст. Пухта расидани тухми кунҷид якбора ба амал намеояд. Тухмиҳои кунҷид дар дохили ғӯза ё худ қуттичаҳо вобаста ба навъ 4-6-8 қатора ҷойгиранд.

Бояд донист, ки ҳангоми пухта расидани тухмӣ, ғӯза кушода мешаваду тухмиҳояш ба замин мерезад. Дар давраи пухтарасидани кунҷид ҳатто каме ҷунбонидани танаи растанӣ ва ё овози баланд сабаби кафида пош шудани тухмӣ мегардад.

Аввал тухмҳои дар ғӯзаи қисми поёнии танаи растанӣ ҷойгирбуда пухта мерасанд. Баробари пухта расидани кунҷид ғӯза якбора кушода мешаваду донаҳои кунҷид ба замин пош мешавад. Яъне ғӯзаҳои тухмиовар аз қисми поёнии растанӣ сар намуда, ба боло паи ҳам пухта мерасад. Аз ин сабаб ҳангоми қариб пухта расидани ғӯзаҳои дар қисми поён ҷойгирбуда, ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намудан зарур аст.

Тарзи ҷамъоварии ҳосил чунин мебошад. Растании кунҷидро аз рӯи хок каме баландтар бо дост ва ё бо воситаи комбайн бурида бандҳо тайёр мекунанд. Бандҳоро то хушк шудан дар майдони кишт, дар рӯи плёнка нигоҳ медоранд. Баъд аз 10-12 рӯз тухмҳо мепазанд, пас онҳоро кӯбида ҷудо карда мегиранд. Намии донаҳои кунҷиди барои захира тайёр кардашуда бояд аз 9% зиёд набошад ва аз ҷисмҳои бегона тоза бошад.

Ҳосили кунҷид ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 1-1,5 тоннаро ташкил медиҳад. Тухми кунҷидро дар халтаҳои латтагин, дар ҷои хушк ва торики ҳарораташ мӯътадил нигоҳ доштан лозим аст. Мӯҳлати нигоҳдорӣ аз як сол зиёд нест.

Муҳофизати кунҷид

Аз ҳашаротҳо ба растании кунҷид асосан кирми ғӯзаи пахта ва юнучқа зарар мерасонад. Бар зидди ҳашаротҳои зараровари кунҷид истифодаи заҳрхимикатҳои Каратэ, нурелл-Д тавсия дода шудааст.

Барои кишт навъҳои Кубанетс-55, Тоҷикии- 35, Ташкент-112 беҳтарин ба ҳисоб мераванд.

Акбар Мухамедов