Дар моҳи июл ҷамъоварии ҳосили себи миёнапаз оғоз меёбад. Аз ин лиҳоз, ҷӯйбори боғи себро тоза кардан, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи дарахт, даровардани нуриҳо аз корҳои зарурии иҷрошаванда мебошанд. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солонаи даровардани карбамид 100 кг, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад. Дар заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.

Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони ширинчаи хунин, сипарболак бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (ё Данадим Эксперт 2 л)+равғани Ариа 80% 10 л  якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои қӯтурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, Топаз 0,3-0,4 л, Топсин 70 М 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 л/об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Барои зараррасонҳо бошад бо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га ё Энжио 0,3 л, НурелД 1,0 л  якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л, Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol  8-11-3  0,7-1,0 л, Codafol 150  1,0 л якҷоя бо 800-1000 л/об омехта карда, коркард гузаронидан лозим аст. Аз ин маводҳо фақат яктояш истифода бурда мешавад. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 3-4 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Истифодабарии ин маводҳо барои афзоиши дарахти себ ва калоншавии мева мусоидат мекунанд. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда мешавад.