Дар қаламрави мамлакат дар моҳи июн бисёри сабзавотҳо пухта мерасанд. Корҳои саҳроӣ мувофиқи агротехникаи кишт гузаронида шавад. Яъне ғунучини саривақтӣ ва бе талафи ҳосил, аз ҷумла ҳосили карами миёнапаз, гулкарам, помидор, бодиринг, сирпиёз ва лаблабу мебошад.  Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+ 1,0 л Оракул МКС якҷоя ва ё Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг якҷоя бо 300 литр об гузаронида шавад, ки ин маводҳо барои афзоиши тези сабзавотҳо ва барвақт пухта расидани ҳосил мусоидат мекунад. Барои сабзавотҳои дерпаз бошад, даровардани нуриҳои минералӣ бо меъёри 100 кг Карбамид, 100 кг Аммофос ё Нитроаммофоска барои як гектар тавсия дода мешавад. Бар зидди касалии бодиринг ва сирпиёз, пероноспороз (касалии зардак) бо фунгиситҳои Тиовит Джет 2,0 кг, Ридомил голд 2,5 кг/га коркард карда шавад. Барои касалиҳои помидор фитофториоз, алтернариоз, бо фунгитсиди Ридомил голд 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га, Курзат 2 кг/га ва ё Квадрис 0,8 л якҷоя бо 200-300 л об маҳлул омода  карда, пошидан тавсия дода мешаванд. Аҳамият диҳед, ки намнокии хок баланд нашавад. Вобаста ба ҳарорати ҳаво ва намии хок гузаронидани обёрии бо меъёр тавсия дода мешавад. Бар зидди алафҳои бегона гузаронидани корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани ҳама намуд заҳрдоруҳо манъ карда шавад. Гузаронидани ин чорабиниҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд ва босифат мусоидат менамояд.