Барои боғи зардолу дар моҳи июл давраи обёрӣ, ҷамъоварии ҳосил ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосили зардолуҳои миёнапаз, охирҳои моҳи июл ғизодиҳиро фаромӯш накунед. Гузаронидани коркард  бар зидди зараррасонҳо (монанди ширинча) бо инсектиситҳои Энжио 0,1-0,0,3 л, Арриво 25% 0,26,-0,38,  Каратэ 0,3-0,5 л,  Десис 2,5% 0,4-0,6 л,  Десис 10% 0,05-0,1 л, Фьюри 10% 0,250 л тавсия дода мешавад. Аз ин инсектиситҳо фақат яктояшро якҷоя бо 1000 литр об истифода бурдан тавсия дода мешавад. Барои таъмин кардани афзоиши хуб дар давраи нашъунамо бо Агровитамин 1,0 л бо ҳамроҳи 1,0 л Оракул мкс ё Вайкир мкс 1 кг/0,5 л ПАВ (дар як қуттӣ якҷоя фурӯхта мешавад) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, аз барг пошидан тавсия мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ҳатман боғро бо фунгиситҳо ва инсикситҳо коркард кунед, ки ин амал барои ҳосили соли оянда зарур мебошад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад.