Асосан дар ин моҳ ҷамъоварии ҳосили картошкаи пешпазак иҷро карда мешавад. Картошкаи кишткардашудаи навъи дерпазро коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг гузаронида мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9  0,5 л/га ё Codafol 8 -11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир МКС 1,0 кг/га, Оракул МКС 1л/га (барои 1 га бо 200 — 300 л об омехта карда)

аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин, хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша) гузаронидани коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (бо 300-400 л об) коркард   гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, гамбӯсаки колорадоӣ  0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио, 1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит,  инсектитситҳо  ва ангезандаҳоро (стимулятор, Агровитамини У-9  0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Дар мубориза бар зидди алафҳои бегона гербисити “Зенкор” 0,6-0,8 л/га  якҷоя бо 300-400 л/об истифода баред, ин намуди гербисит ҳам алафҳои сӯзанбарг ва ҳам алафҳои паҳнбаргро несту нобуд мекунад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад. Обёриро бо меъёри муайянкардашуда ва шароити минтақа бо зарурат гузаронед.