Барои зироати гандум дар моҳи июл тавсия дода мешавад, ки обёрӣ ва ғизодиҳӣ аз барг саривақт гузаронида шавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У 9  0,5 л/га, Codamin 2,0 л/га, Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Оракул мкс 1,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га (барои 1 га бо 200 — 300 л об омехта карда) ба барг мепошанд. Онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиҳоро тез мекунанд, аз хунукӣ ва гармӣ эмин нигоҳ медоранд ва ҳосили ғалладонагиҳоро зиёд  мекунанд. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо Каратэ 5% к.э  0,2 л/га, Имидаклоприд 0,2 л/га, Малатион 0,5 л/га якҷоя бо 200-300 литр об пошидан тавсия дода мешавад. Аз инсектисидҳои номбаршуда фақат яктояшро истифода баред. Пошидани заҳрдоруҳо 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ карда шавад.