Барои зироатҳои полезӣ дар моҳи июл корҳои зерин гузаронида мешаванд: кишти навъҳои дерпази харбуза ва тарбуз, зироати  кишткардашударо коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9  0,5л+ 0,5 л/га, ё  Codafol 8-11-3  0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га (барои 1 га бо 200 – 300 л об омехта) ба барг пошидан тавсия дода мешаванд. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (антракноз, гардзании ордак, пӯсиши реша, доғзании биринҷӣ (касалии зард) коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгиситҳои Браво 2,0 л/га, Ридомил голд 2,5 кг/га, Топаз 0,3 л/га, Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об) коркард гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, ширинча, трипс, тортанаккана, пашшаи харбуза бо Аваунт 0,450 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, Тиовит Джет 80% 2 кг/га, Вертимос 0,5 л/га 0,3 кг/га Актара, 0,150 л/га Энжио, 1,0 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит,  инсектитситҳо  ва ангезандаҳо (стимулятор, Агровитамини У-9  0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Дар хоки гарм шинонидани кӯчат ё кишти тухмӣ хуб афзоиш ёфта, аз касалиҳо кам зарар мебинанд ва коркарди кимёвиро камтар талаб мекунанд. Пешгирӣ аз касалиҳо, коркард бо фунгидситҳои Браво 25 гр, Топаз 5 гр, Курзат 35 гр, Тиовит Джет 40 гр (яктои аз инҳо) якҷоя бо 10 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин бар зидди заррарасонҳо яке аз ин инсетситҳоро истифода баред: Энжио 3 гр, Нурел Д 5 мл, Аваунт 15 гр, Каратэ 7 гр (якҷоя бо 10 л об маҳлул карда истифода бурдан мумкин). Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. Коркарди кимёвӣ (алафҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор ва алафҳои яксолаи дупаллагӣ) бо гербисити Фюзелад форте 30-50 гр бо 10 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N-70 кг, P-50 кг, K-30 кг моддаи таъсиркунанда даровардан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳо манъ карда шавад.