15 июни соли 2021, Душанбе – Меваю сабзавоти солим дар маркази таваҷҷуҳи фестивали озуқаворӣ қарор доштанд, ки имрӯз дар якҷоягӣ бо Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ВАО), Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсия Россия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш баргузор гардид.

Бахшида ба “Соли байналмилалии меваю сабзавот” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Вахш чорабиние баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш, Ҳамоҳангсози СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ВАО ширкат варзиданд.

Дар давоми рӯз кӯдакон ва калонсолон дар бораи манфиатҳои ғизоӣ ва саломатии ғизоӣ гуногун ва мутавозин ва солим дар асоси истеъмоли меваю сабзавот ва роҳҳои кам кардани талафот ва партовҳои меваю сабзавот маълумот гирифтанд.

«Ин як имконияти нодирест барои баррасии дубораи системаҳои озуқавории мо бо имконияти тағйир додан ва ноил шудан ба ҷаҳони солимтар, тобовар ва устувортар, ки ҳама метавонанд ба ғизои мухталифи зарурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Мо бояд имкониятҳои нави мусоидро барои такмили инфрасохтор, таҷрибаҳои кишоварзӣ ва бо ин дастгирии кишоварзони хурд тавассути истифодаи роҳҳои инноватсионӣ, технология, коҳиш додани талафот ва партовҳои озуқаворӣ омӯзем», гуфт Намояндаи Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.

«Меваю сабзавот ба кӯдакон аз бисёр ҷиҳат манфиатоваранд, аз ҷумла беҳтар намудани ғизо, коҳиш ёфтани хавфи фарбеҳшавӣ ва давомоти беҳтарин дар мактаб. Тавассути чорабиниҳои мо, аз ҷумла Барномаи ғизои мактабӣ, БОҶ ба таври васеъ истеъмоли ғизои солим ва серғизоро барои кӯдакон тарғиб мекунад. Ғизои солим аз системаҳои функсионалӣ ва одилонаи озуқаворӣ вобаста аст ва ноил гаштан ба амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои босифат тавассути ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – ҳукумат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд имконпазир аст”, мегӯяд муовини директор ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) Марико Кавабата.

«Мо хеле хурсандем, ки дар якҷоягӣ бо шарикони худ тавонистем барои кӯдакон истироҳати ҳақиқиеро фароҳам созем, ки онҳо на танҳо бисёр дилхушӣ мекарданд, балки дар бораи принсипҳои ғизои солим бисёр чизҳоро омӯхтанд. Тарзи ҳаёти солим бояд аз хурдӣ ташаккул ёбад ва барои ҳар як кӯдак як чизи оддӣ гардад, ки субҳ дандон шуста шавад ва пеш аз хӯрок дастонашонро шӯянд. Мо дар ҳақиқат умедворем, ки чунин ҷашнҳо дар ниҳоят бахше аз Барномаи миллии ғизои мактабӣ хоҳанд шуд ва дар саросари кишвар баргузор гарданд», – таъкид дошт Президенти Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия (SIFI) Владимир Чернигов.

Иштирокчиёни ҷашнвораи озуқаворӣ аз намоишгоҳҳо, намоишҳои хӯрокпазӣ ва намоишҳои театрӣ лаззат бурданд. Ҳамчунин, мактаббачагон тавонистанд дар озмуни расмкашӣ ширкат варзанд ва соҳиби тӯҳфаҳои хурд гарданд.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам оид ба манфиатҳои ғизоӣ ва саломатии истеъмоли меваю сабзавот соли 2021 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ ҳамчун “Соли байналмилалии меваю сабзавот” эълон гардид.

Чунин чорабиниҳо оид ба таблиғи “Соли байналмилалии меваю сабзавот” дар Тоҷикистон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, то ин ки масъалаҳои вобаста ба истеъмоли ғизои солим, махсусан дар байни кӯдакон ва аҳолӣ паҳн карда шавад.

fao.com