Моҳи июн мавсими пухтарасии меваҳои зардолу мебошад. Барои боғи зардолу дар ин моҳ обёрӣ, ҷамъоварии ҳосил, нармкунии байни қаторҳо гузаронидан зарур аст. Баъд аз ҷамъоварии ҳосили зардолуҳои пешпазак гузаронидани коркард бо инсектиситҳои Энжио 0,1-0,0,3 л ва ё Нурел Д 55% 1 л якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, бар зидди зараррасони ширинча пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи калоншавии мева Агровитамин 1,0 л бо ҳамроҳи 1,0 л Оракул мкс якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро ба шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Дар моҳҳои март ва апрел хунукиҳои пай дар пай сар зад. Аз ин лиҳоз, дарахтонро бо фунгиситҳо ва инсикситҳо каркард гузаронидан самараи хуб медиҳад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳоро қатъ кардан зарур аст.