Барои навъҳои ремонтантӣ бояд ҳарорати дохили гармхонаро шабона +16 рӯзона то +27° С таъмин намоед, баргҳои калон ва зардшуда, сабзаи афзоиши иловагӣ (мӯйлаб), меваҳои майда ва бесифатро чида партоед. Бо зарурат ягона кунед, чунки ин кор гирифтани ҳосили босифат ва барвақтиро таъмин мекунад. Дар заминҳои кушод корҳои парвариши қулфинайро давом диҳед, аз алафҳои бегона тоза кардан, баргҳои калон, зардшуда ва касалшударо чида, ягона кунед, ҷӯякҳоро тоза карда ғизо дароред ва нарм кунед, коркард бо Агровитамин 20 мл+30 гр Оракул мкс якҷоя бо 10 л об, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 200-300 литр об коркард гузаронед. Ин коркард афзоиши растаниро метезонад ва меваи онро калон ва босифат мекунад, инчунин бо зарурият аз плёнкаи полиэтиленӣ истифода бурда, рӯйпӯш кунед ва обёрӣ кунед. Агар гармии ҳаво баланд шавад, плёнкаҳоро гиред. Дар заминҳои кушод намуди дигари ҳифзи қулфинай вуҷуд дорад, масалан истифодабарии коҳи майда. Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашаванд. Коркарди кимёвиро кам истифода баред, зеро талаботи коркарди қулфинай дигар аст. Заҳрдоруҳоро аз реша дар вақти обёрӣ даровардан лозим аст. Ҳангоми пайдошавии касалиҳо бо фунгисити Топаз 0,3 л, Хорус 0,4 кг/га дар вақти обёрӣ гузаронидан лозим аст (дар вақти саршавии пухта расидани ҳосил гузаронидани коркарди кимёвӣ аз барг мумкин нест). Барои зараррасонҳо бошад, бо маводи Актара 3,6 кг/га ва Вертимек 1 л/га аз реша обёрӣ намудан лозим аст, чунки ин маводҳоро аз барг пошидан қатъиян манъ аст. Дар хотир доред, ки 30 рӯз пеш аз пухта расидани ҳосил истифодабарии ҳама намуди пеститсидҳо манъ карда шавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.