Дар моҳи июн асосан давомдиҳии ҷамъоварии ҳосили картошкаи пешпазак гузаронида мешавад. Инчунин, тайёр кардани тухмиҳо барои кишти такрорӣ, омода кардани замин ва кишти картошкаи дерпаз мебошад. Картошкаи кишткардашударо коркарди байни қаторӣ, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л/га ё Codafol 8 -11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир МКС 1,0 кг/га (барои 1 га якҷоя бо 200-300 л об омехта) ба барг пошидан тавсия дода мешавад. Корҳои хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша) гузаронидани коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об) тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, ганбӯсаки колорадоӣ 0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио, 1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит, инсектитситҳо ва афзоишкунандаҳоро (стимулятор, Агровитамини У-9 0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Мубориза бар зидди алафҳои бегона гербисити “Зенкор” 0,6-0,8 л/га якҷоя бо 300-400 л об истифода баред, ин намуди гербисит ҳам алафҳои сӯзанбарг ва ҳам алафҳои паҳнбаргро несту нобуд мекунад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳоро қатъ кардан зарур аст. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.