Дар моҳи июн шинонидани тухмиҳои харбуза ва тарбузи дерпазро давом диҳед. Инчунин, полезиҳои кишткардашударо коркарди байни қаторӣ, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг гузаронед. Ғизодиҳии аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+0,5 л/га, ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га (барои 1 га якҷоя бо 200-300 л об омехта) аз барг пошидан тавсия дода мешаванд. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (антракноз, гардзании ордак, пӯсиши реша, доғзании биринҷӣ (касали зард) бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгиситҳои Браво 2,0 л/га, Ридомил голд 2,5 кг/га, Топаз 0,3 л/га, Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак,ширинча, трипс, тортанаккана, пашшаи харбуза бо Аваунт 0,450 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, Тиовит Джет 80% 2 кг/га, Вертимос 0,5 л/га, Актара 0,3 кг/га, Энжио 0,150 л/га, Ланнат 1,0 л/га, Моспилан 0,4 кг/га якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгитсит, инсектитситҳо ва афзоишкунанда (стимулятор, Агровитамини У-9 0,5 л+1,0 л/га Оракул мкс) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Дар замини гарм кӯчат ё тухмии киштшуда, хуб афзоиш ёфта аз касалиҳо кам зарар мебинанд ва коркарди кимёвиро камтар талаб мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз плёнкаҳои полиэтиленӣ истифода баред. Дар вақти кишти тухмӣ, тухмиро аз плёнка 5-7 см чуқуртар шинонидан тавсия дода мешавад. Баъди сабзида баромадани баргҳои растанӣ, барои ба плёнка нарасидани барг плёнкаро зуд шикоф карда, баргҳоро 1 рӯз пас берун кардан тавсия дода мешавад. Барои пешгирӣ аз касалиҳо бошад, коркард бо яке аз ин фунгидситҳо, яъне Браво 25 гр, Топаз 5 гр, Курзат 35 гр, Тиовит Джет 40 гр якҷоя бо 10 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳо, яке аз ин инсетиситҳоро истифода баред: Энжио 3 гр, Аваунт 15 гр, Каратэ 7 гр (якҷоя бо 10 л об маҳлул карда истифода бурдан мумкин аст). Бар зидди алафҳои бегона корҳои дастӣ, яъне хишова ва кимёвӣ гузаронида шавад. Коркарди кимёвӣ (барои алафҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор ва алафҳои яксолаи дупаллагӣ) бо гербисити Фюзелад форте 30-50 гр якҷоя бо 10 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад ва ё N-70 кг, P-50 кг. K-30 кг моддаи таъсирбахш, даровардан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани захрдоруҳоро манъ кардан лозим аст.