Вобаста аз он, ки чорво дар оғилхона (муваққатӣ ё доимӣ) нигоҳ дошта мешавад, пору аз пасмондаҳо (экскрементҳо) ва фарши хоб (одатан коҳ ё алаф) иборат аст. Пору нурии ниҳоят пурқимати органикӣ мебошад.

Баъзе хосиятҳо ва натиҷаҳои таъсири пору:

  • Дар таркиби он моддаҳои ғизоии зиёд мавҷуданд.
  • Танҳо як қисми азоти дар пору мавҷудбуда фавран дастраси растаниҳо мегардад ва боқимонда ҳангоми пӯсидани пору дастрас мегардад.
  • Растаниҳо зудтар ба азоте, ки дар пешоби чорво мавҷуд аст, дастрасӣ пайдо мекунанд.
  • Ҳангоми омехта кардани пору ва пешоб манбаи мутавозини моддаҳои ғизоӣ барои растанӣ ба даст оварда мешавад. Пору баробари нуриҳои кимёвӣ, чунин миқдор фосфор ва калий дорад. Поруи парранда аз фосфор бой аст. Аммо, донистани пайдоиши поруи мурғ муҳим аст, зеро поруи паррандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки зироаткории анъанавиро пеш мебаранд, дорои металлҳои вазнин мебошанд.
  • Нуриҳои органикӣ ба ҷамъшавии моддаҳои органикӣ дар хок мусоидат мекунанд ва бо ин васила, ҳосилхезии хокро баланд мебардоранд.

Поруро чӣ тавр бояд захира кард?

Барои ба даст овардани поруи аълосифат, пас аз ҷамъоварӣ аз анбор, онро муддате дар як ҷой нигоҳ дошта, захира кардан мувофиқи мақсад аст. Поруи сифати беҳтаринро дар натиҷаи пӯсонидан мегиранд. Поруе, ки дар шароити анаэробӣ нигоҳ дошта мешавад, пастсифат аст (масалан, дар чуқуриҳои пур аз об).

Агар чорво дар молхона нигоҳ дошта шавад, ҷамъ кардани пору осонтар аст. Поруро дар омехтагӣ бо маводи хушки растанӣ (коҳ, алаф, боқимондаҳои зироат, барг ва ғ.) нигоҳ доред, ки намиро ҷаббида гирад. Коҳи реза ё майдакарда, назар ба коҳҳои дароз намиро бештар ба худ мегирад.

Барои бо сифати баланд ба даст овардани поруи органикӣ аз поруи чорво, ахлоти ҷамъкардашударо аз таъсири нури офтоб, шамол ва борон нигоҳ дорем. Барои пешгирӣ кардани талафоти моддаҳои ғизоӣ, тӯда ё чоҳи ахлотҷамъкардаро аз зиёдатии намӣ ва хушкшавӣ пешгирӣ кардан лозим аст.Ҷойи нигоҳдорӣ бояд герметикӣ ва каме нишеб бошад.

Дар чоҳҳо нигоҳ доштани пору усули махсусан мувофиқ барои минтақаҳои лалмӣ ва дар фаслҳои хушк мебошад. Нигоҳдорӣ дар чоҳҳо хавфи хушк шудан ва ниёз ба обро коҳиш медиҳад. Аммо, хавфи зери об мондани чоҳ бештар аст ва инчунин қувваи зиёд барои аз чоҳ гирифтани пору харҷ кардан лозим аст. Асосан чоҳҳо барои нигоҳдории поруро бо чуқурии навад сантиметр кофта мешавад, ки дар поёнаш камтар нишебӣ дорад.

Поёни чуқуриро мустаҳкам карда, баъд онро аввал бо коҳ мепӯшонанд. Чоҳ бо қабати сисантиметраи ахлот пур карда мешавад; ҳар як қабат таппида (мустаҳкам) шуда, бо қабати тунуки хок пӯшонида мешавад. Чоҳро то он даме пур мекунанд, ки таркиби он аз сатҳи замин сӣ сантиметр боло равад ва баъд онро бо қабати даҳсантиметрии хок мепӯшонанд. Дараҷаи намӣ дар тӯдаи пору бояд назорат ва танзим карда шавад.

Барои пешгирӣ кардани талафоти моддаҳои ғизоӣ, бояд ҳам аз ҳад зиёд намшавӣ ва ҳам аз ҳад зиёд хушк шудани мавод пешгирӣ карда шавад. Барои назорат кардани намнокии ахлот нишонаҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст:

  • Пайдо шудани занбӯруғи сафед (риштаҳо ё доғҳои сафед) нишон медиҳад, ки ахлот хеле хушк аст ва онро бо об ё пешоби чорво тар кардан лозим аст.
  • Ранги зарду сабз ва/ё бӯйи нохуш нишондиҳандаи аз меъёр зиёд будани намии ахлот ва шамолдиҳии нокифоя мебошад.
  • Ранги қаҳваранг ё сиёҳи ахлоти захирашуда нишон медиҳад, ки шароит мусоид аст.