Барои боғи гелос дар моҳи июн корҳои тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, ҷамъоварии ҳосили навъҳои миёнапаз, тоза кардани боғ аз алафҳои бегона ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Инчунин дар ин моҳ, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон,коркард бо яке аз ин фунгитсидҳо: Скор 0,2 л, Хорус 0,3 кг, Топаз 0,3-0,4 л ё Косайд 2,0 кг+2 л Актеллик, инчунин аз ин инсетситҳо яктояш (Энжио 0,25 л, Каратэ 5% 0,6 л, Десис 10% 0,15 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, дар давраи мевабандӣ ва баъд аз ҷамъоварии ҳосилкоркард кардан тавсия дода мешавад. Ин коркардҳо барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва зараррасонҳои сипарболак, тортанакканаи оддӣ, филчаи зардолу (урюковый слонник) натиҷаҳои хуб медиҳад. Бароинағз афзоиш ёфтани мева пошидани маводи Codafol 8 -11-3 0,7 л якҷоя бо 800-1000 л об истифода баред. Дар давраи калоншавии мева Вайкир мкс 1 кг ва ё 1,0 л Оракул мкс якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, аз барг истифода бурдан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. 20 рӯз пеш аз ҷамъоврии ҳосил пошидани заҳрдоруҳоро қатъ кардан зарур аст.