Барои дарахти чормағз бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад, ин имкон медиҳад, ки дар фасли гармо намии зарурӣ захира шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда болояшро бо хок рӯйпӯш намудан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг сулфати калий тавсия дода мешавад. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маводи Фоликур 1 л ё Косайд 2,5 кг+0,6 л Талстар якҷоя бо 800-1000 л об маҳлул омода карда, дар давраи мевабандӣ пошед, агар дар дохили танаи чормағз кирм бошад ё дарахт қадбаланд бошад, дар вақти нашъунамо инсектитсиди Актара истифода баред, 10 гр мавод бо 10 л об маҳлул омода карда дар гирду атрофи дарахтҳо хандақча карда маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин чорабиниро дар давоми 1 сол 3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои мевахӯрак, баъд аз гулкунӣ, вақти калоншавии мева коркарди кимёвӣ гузаронед. (0,6 л Талстар, 1,0 л Нурел Д, 0,8 л Каратэ якҷоя бо 800- 1000 л/об). Дар давраи мевабандӣ ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0, Codafol 8-11-3 0,7-1,0 л, Codafol 150 1,0 л якҷоя бо 800-1000 л/об), аз ин маводҳо фақат яктояш истифода бурда мешавад. Дар давраи нашъунамо фосилаи коркард 10-15 рӯз 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин чорабинӣ барои афзоиши дарахти чормағз мусоидат мекунад.