Барои токзор дар моҳи июн даровардани нуриҳои минералӣ, обёрӣ, коркарди кимёвӣ ва тоза кардани ҷӯйборҳои ангурзор аз алафҳои бегона мебошад. Хунукиҳои аввали баҳор ба ангур хеле зарар кардааст, ки ба афзоиши он таъсир расонидааст, яъне суст баромадани баргҳо гардид. Аз ин лиҳоз, гузаронидани коркарди иловагӣ тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои афзоиши ангур дар вақтинашъунамо Агровитамин У 9 1,0 л, 0,5 л Codafol 8-11-3, 1-2 л Codamin150, Оракул мкс 1,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Вайкир синк 1кг якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Дар хотир доред, ки аз ин моддаҳо фақат яктояшро истифода баред. Агар дар дохили ангурзор кирми ордакмонди ангур бошад, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсити Актеллик 2 л (ё Данадим эксперт 2 л) якҷоя бо 1000 л об маҳлул карда, ба навдаҳо ва танаи ангур, то гардани реша коркард карда, гирду атрофи решаро тоза ва побел кардан тавсия дода мешавад. Ба касалиҳои ангур, аз ҷумла Антракноз, Оидиум, Гардзании ордак – 2, 0 кг Косайд фунгитсид (ё Ридомил голд 0,8 кг) якҷоя бо 1000 л об пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин, заҳрдоруи Импакт 25% 100-150 мл, Фоликур 22,5% 300 мл, Топаз 10% 300 мл, Топсин-М 70% 1,0 кг, Тиовит Джет 80% 6 кг истифода бурдан мумкин аст. Бар зидди зараррасонҳои кирми хӯша (Гроздевая листовертка), Тортанакканаҳои боғ яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне Нурел Д 55% 1,0 л, Каратэ Зеон мкс 0,5 л, Имидоклоприд 0,2 л, Десис 2,5% 0,4-0,6 л якҷоя бо 1000 литр об истифода бурдан тавсия дода мешавад. Истифодабарии ин заҳрдоруҳо 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ карда мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.