Барои боғи зардолу моҳи май обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, даровардани нуриҳои нитрогенӣ N, (NPK) тавсия дода мешавад. Гузаронидани коркард баъд аз гулкунӣ, яъне пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (клястеспориоз ва пӯсиши мониалӣ) бо фунгитсити Хорус 0,350 кг + 0,6-0,8 л Каратэ 5% (инсектисит) ё ин ки бо Скор 0,2 л + 0,1-0,3 л Энжио якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, бар зидди зараррасонҳои почакғафс (толстаножка), филчаи зардолу (урюковый слонник), ғилофдори туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт, ширинча) пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи мевабандӣ Агровитамин 2,0 л бо ҳамроҳи Coda mrc 0,3-0,5 л ё 1,0 л Оракул мкс (якҷоя бо 600-800 л об омехта) аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Бояд қайд кард, ки дар моҳҳои март, апрел хунукиҳои пайдарпай дар вақти бедоршавии дарахтони зардолу, гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ сар зад. Дар натиҷа қисми зиёди мева нобуд гардид. Аз ин лиҳоз, дарахтонро коркард бо фунгитситҳо ва инсектисидҳо гузаронида шавад, ин барои ҳосили оянда зарур мебошад.