iflora

Барои дарахтони шафтолу дар моҳи май тоза кардани ҷӯйборҳо, даровардани нуриҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Пешгирӣ  ва мубориза бар зидди касалии пажмурдашавии баргҳо, қӯтурак, гардзании шафтолу — коркард бо фунгитсиди  Браво 2,5 л, (Косайд 2 кг ё Топаз 0,5 л ё  Скор 0,2 л)+0,1-0,15 л инсектисидҳои  Десис 10% (Каратэ 0,6-0,8 л, Энжио 0,3 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда меъёри солона (афзоиши дарахт, ҳосилнокии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта)  даровардани 100 кг карбамид, нитроаммофоска 100 кг ё аммофос 120 кг, 50 кг Сулфати калий тавсия дода мешавад.

Барои намиғундории хуби хок, несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Обёриро бо шароити минтиқа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳӣ дар давраи мевабандӣ ва калоншавии мева аз барг бо яке аз ин маводҳо, яъне Агровитамин 0,5 л+1,0 л Оракул мкс (Агровитамини У-9  1,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё  Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс1,0 кг, Оракул мкс 1,0 ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3  0,7-1,0 л, Codafol 150  1,0 л) бо 800-1000 л/об истифода баред. Дар давраи нашъунамо бо фосилаи 10-15 рӯз 2-3 маротиба гузаронидан тавсия дода мешавад, ки ин маводҳо барои афзоиши дарахти шафтолу, калоншавии мева ва сифати он мусоидат мекунанд.