Агар қулфинайи навъҳои ремонтантӣ дошта бошед, ҳарорати дохили гармхонаро бояд шабона +16, рӯзона то +27° С таъмин намоед, баргҳои калон ва зардшуда, сабзаи афзоиши иловагӣ (мӯйлаб), меваҳои майда ва бесифатро чинда партоед. Бо зарурат ягона кунед, чунки ин кор  гирифтани ҳосили босифат ва барвақтиро таъмин мекунад. Дар заминҳои кушод корҳои парвариши қулфинайро давом диҳед, аз алафҳои бегона тоза карда, баргҳои калон, зардшуда, касалшударо чинда, ягона кунед, ҷӯякҳоро тоза карда, ғизо дароред ва нарм кунед, коркард бо Агровитамин 20 мл+30 гр, Оракул МКС якҷоя бо 10 л об (Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг бо 200-300 литр об омехта) коркард гузаронед. Ин коркард афзоиши растаниро метезонад ва ҳосили онро калон ва босифат мекунад, инчунин бо зарурият аз плёнкаи полиэтиленӣ истифода баред ва киштзорро мувофиқ шароит обёрӣ кунед. Агар гармии ҳаво баланд шавад, плёнкаҳоро гиред. Дар заминҳои кушод тарзи дигари ҳифзи қулфинай вуҷуд дорад, масалан, истифодабарии коҳи майда. Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашаванд. Коркарди кимёвиро кам истифода баред, зеро талаботи коркарди қулфинай дигар аст. Заҳрдоруҳоро аз реша дар вақти обёрӣ додан лозим аст. Ҳангоми пайдошавии касалиҳо бо фунгиситҳо Топаз 0,3 л, Хорус 0,4 кг/га  дар вақти обёрӣ гузаронидан лозим аст (дар вақти саршавии пухта расидани ҳосил коркарди кимёвии аз барг мумкин нест). Барои зараррасонҳо бошад, бо маводи Актара 3,6 кг/га, Вертимек 1 л/га аз реша бо обёрӣ намудан лозим аст, чунки ин маводҳоро аз барг пошидан қатъиян манъ аст. Дар хотир доред, ки 30 рӯз пеш аз пухта расидани ҳосил истифодабарии ҳама намуди пеститсидҳо манъ аст. Обёриро вобаста бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.