Дар моҳи май тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) гузаронидан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда даровардани 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони Асалак (Медяница) дошта бошад, дар давоми нашъунамо бо фунгитсиди Косайд 2 кг+ Актеллек 2 л (Данадим Эксперт 2 л)  якҷоя бо 1000 л об маҳлул омода карда,  пошидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми калоншавии мева барои  касалиҳои қутурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л бо 800-1000 л/об омехта, барои зараррасонҳо бошад инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га якҷоя карда, коркард кардан тавсия дода мешавад. Бо мақсади калоншавии меваҳо ва сифати мева, пошидани аз барг бо Агровитамин 2,0 л+0,5 л Coda micro 800-1000 л об (Codafol 8-11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг) бо 800-1000 литр об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.