Асосан дар моҳи май бояд картошкаи кишткардашударо коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5л+0,5л/га CODA МКС, ё  Codafol 8 -11-3  0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг   (барои 1 га бо 200- 300 л об омехта) аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин, корҳои хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га (якҷоя бо 300-400 л об омехта) коркард  гузаронидан тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, гамбӯсаки колорадоӣ  0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио, 1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об омехта карда, истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркардҳо аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит, инсектитситҳо  ва ангезандаҳоро (стимулятор, Агровитамини У-9 0,5 л+0,5 л/га CODA МКС) якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.