Моҳи апрел дар мамлакат аллакай марҳилаи шинонидани кӯчати помидору бодиринги барвақтӣ дар замини кушод оғоз шуд. Пеш аз шинонидани кӯчати сабзавот дар замини кушод бояд корҳои зерин иҷро карда шаванд: ҳамвор кардани замини киштшаванда, кашидани ҷӯйбор – барои помидори навъҳои маҳаллӣ бо байни қатории 70 см, байни растанӣ 30 см, барои навъҳои дурага (гибрид) бошад байни қатор 80 см ва байни растанӣ 50 см тавсия дода мешавад.

Барои шинонидани кӯчати бодиринги барвақтӣ дар замини кушод бо схемаи байни қатор 150 см ва байни растанӣ 30 см тавсия дода мешавад. Ҳангоми шинонидани кӯчати помидор ва бодиринги барвақтӣ дар замини кушод ба ҷойгиршавӣ ва шумораи кӯчат барои 1 гектар аҳамияти ҷиддӣ диҳед, зеро аз зичии кӯчат дар майдон солимии зироат вобастагии калон дорад.

Баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то фарорасии мавсими гулкунӣ, намии хок бояд 70% бошад ва меъёри як обмонӣ вобаста ба намуди хок ба ҳисоби миёна 700-800 м3, миқдори обмонӣ дар мавсим 15-16 маротиба аст.

Оид ба кишти карам бошад дар ҷануби мамлакат мавсими обмонӣ, ғизодиҳӣ ва коркарди байниқатории киштзори карам мебошад. Ғизодиҳӣ бо меъёри 280 кг азот, 200 кг фосфор ва 170 кг нурии калийӣ тавсия дода мешавад. Аз ин миқдор, 70%-и нурии фосфорӣ ва 50%-и нурии калийиро пеш аз шудгор даровардан самараи хуб медиҳад.

Дар шимоли мамлакат бошад мавсими кишти тухмӣ ва гузаронидани кӯчатҳои помидору бодиринг дар заминҳои кушод мебошад. Тавсия дода мешавад, ки бо схемаи шинонидан ва кишти тухмиҳо аҳамият диҳед.