Моҳи март барои ҳамаи минтақаҳои мамлакатамон сард омад. Ин омил барои зироати картошка низ таъсири манфии худро расонид. Аз ин лиҳоз дар моҳи апрел барои картошкаи кишткардашуда коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ (NPK) ва ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+0,5 л/га CODA МКС истифода бурдан барои барқарор кардани киштзор тавсия дода мешаванд. Инчунин хоккашкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (фитофториоз, алтернариоз, пӯсиши реша) гузаронидани коркард бо яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне фунгисити Ридомил голд 2,5 кг/га ё Курзат 2,5 кг/га, Косайд 2 кг/га якҷоя бо 300-400 л об тавсия дода мешавад. Бар зидди зараррасонҳои кирми тирамоҳӣ, симкирмак, гамбӯсаки колорадоӣ  0,150 л/га Десис 10%, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 1,0 л/га, 0,3 кг/га Актара, 0,3 л/га Энжио,1,5 л/га Ланнат, 0,4 кг/га Моспилан якҷоя бо 300-400 л об истифода бурдан мумкин аст. Фосилаи байни коркард аз 7 то 14 рӯз мебошад. Фунгисит ва инсектитситҳоро якҷоя истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз омехта кардани заҳрдоруҳо мутобиқатии онҳоро муайян кардан тавсия дода мешавад.