Марҳилаи кишти тухми юнучқа фаро расид. Аз ин лиҳоз, ба интихоби тухмӣ ва меъёри кишт аҳамият диҳед. Меъёри кишт барои як гектар аз 14-16 кг то ба 25 кг/га мебошад. Пеш аз кишт тухми юнучқаро ҳатман аз тухмиҳои алафҳои бегона тоза карда, барои ҷудо кардани тухми зарпечак аз оҳанрабо (магнит) гузаронида шавад. Кишти тухми юнучқа,баъд аз кишти тухми ҷави баҳорӣ ё гандум, ҷӯяк гирифта шуда кишт шавад. Ё ин ки, агар ҷави тирамоҳӣ ё гандум кишт карда шуда бошад, дар болои майсаҳои ҷав ва гандум кишт кардан лозим аст. Инчунин, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо гузаронида шавад. Барои мубориза бар зидди зараррасонҳо аз маводи Фитономус, Каратэ 0,4 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Десис 10%  0,1-0,15 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда маҳлулро пошидан тавсия дода мешавад.