Барои дарахтони шафтолу дар моҳи март тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани нуриҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо мебошад. Баҳор барвақт омада истодааст ва дарахтони шафтолу бедор мешаванд, аз ин лиҳоз коркард бо фунгитсиди Косайд 2 кг ё  Скор 0,2л + 0,1 — 0,15 л инсектисиди Десис 10% + 20 л равғани Ариа 80% якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, то гулкунӣ коркард кардан тавсия дода мешавад.  Равғани Ариа 80% муғчаҳоро аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад, барвақт шукуфтани гулҳоро суст мегардонад.

Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан зарур аст. Додани нуриҳои нитрогениро ба нақша гиред. Нуриҳоро дар боғҳои ҳосилдиҳанда дар чуқурии на кам аз 20 см истифода намоед. Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед. Барои нағз гардолушавии гулҳо пеш аз гулкунӣ пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л обро истифода баред. Обёриро бо шароити минтиқа ё зарурат гузаронед.