Моҳи март дар ҷануби мамлакат аллакай марҳилаи шинонидани кӯчати помидору бодиринги барвақтӣ дар замини кушод оғоз шуд. Пеш аз шинонидани кӯчати сабзавот дар замини кушод бояд корҳои зерин иҷро карда шавад: ҳамвор кардани замини киштшаванда, кашидани ҷӯйбор — барои помидори навъҳои маҳаллӣ байни қатор 70 см, байни растанӣ 30 см, барои навъҳои дурага (гибрид) байни қатор 80 см ва байни растанӣ 50 см тавсия дода мешавад.

Барои шинонидани кӯчати бодиринги барвақтӣ дар замини кушод бо схемаи байни қатор 150 см ва байни растанӣ 30 см тавсия дода мешавад.  Ҳангоми шинонидани кӯчати помидор ва бодиринги барвақтӣ дар замини кушод ба ҷойгиршавӣ ва шумораи кӯчат барои 1 гектар аҳамияти ҷиддӣ диҳед, зеро аз зиччии кӯчат дар майдон солимии зироат вобастагии калон дорад.

Баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то фарорасии мавсими гулкунӣ, намии хок бояд 70% бошад ва меъёри як обмонӣ вобаста ба намуди хок ба ҳисоби миёна 700-800 м3, миқдори обмонӣ дар мавсим 15-16 маротиба аст.

Оид ба кишти карам бошад дар ҷануби мамлакат мавсими обмонӣ, ғизодиҳӣ ва коркарди байниқатории киштзори карам мебошад. Ғизодиҳӣ бо меъёри 280 кг азот, 200 кг фосфор ва 170 кг нурии калийӣ тавсия дода мешавад. Аз ин миқдор, 70%-и нурии фосфорӣ ва 50%-и нурии калийиро пеш аз шудгор даровардан самараи хуб медиҳад. Даровардани нурии органикӣ барои киштзори карам бо меъёри 20-30 тн ба як гектар тавсия дода мешавад. Барои карами барвақтӣ обёрикунӣ аз 8-10 март оғоз мешавад, меъёр барои як гектар ба ҳисоби миёна 550-650 м3 тавсия дода мешавад.

Дар шимолӣ мамлакат бошад мавсими кишти тухми помидору бодиринг дар тубакчаҳо мебошад. Тавсия дода мешавад, ки барои парвариши кӯчат дар тубакчаҳо ҳатман аз компост истифода баред, зеро компост хоки сабук аст ва барои сабзиши тухмӣ мушкилӣ намешавад. Ба интихоби тухмӣ аҳамияти калон диҳед, навъҳои помидори барвақтии тавсияшаванда барои шимоли мамлакат Кӯк ғӯра, Полбик, Полфас, Бобкат, Волверин ва ғайра мебошанд. Барои бодиринги барвақтӣ дар шароити гармхона навъҳои Орзу, Азамат, Прадо, Суперина, Аланга, Аксент ва Пиколино тавсия дода мешаванд.