Барои полезиҳо дар моҳи март ба заминҳои интихобшуда даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ, интихоби тухмиҳои пешпазак, тайёр кардани ҷӯякҳо барои кишти тухмӣ ва баъди омода шудани кӯчатҳои навъҳои барвақтӣ шинонидани онҳо мебошад (дар ҷануб). Аз моҳи март сар карда, шинонидани тухмиҳо ба тубакчаҳо, пӯшонидани болои ҷӯякҳои тайёркардашуда бо плёнка барои шинонидани тухмиҳо ва кӯчатхо мебошад. Зеро истифодабарии плёнка имкон медиҳад, ки хок тез гарм шавад, сабзиши алафҳои бегонаро суст гардонад ва намиро нигоҳ дорад. Инчунин имконияти тезонидани пухтарасии ҳосилро аз барвақт шинонидани кӯчат таъмин созад. Дар замини гарм шинонидани кӯчат ё кишти тухмӣ хуб афзоиш ёфта аз касалиҳо кам зарар мебинанд ва коркарди кимёвиро камтар талаб мекунанд. Дар вақти кишти тухмӣ, тухмиро аз плёнка 5-7 см чуқур шинонидан тавсия дода мешавад. Баъди сабзида баромадани баргҳои растанӣ, барои ба пленка нарасидани барг плёнкаро зуд шикоф карда баргҳоро 1 рӯз пас берун кардан тавсия дода мешавад