Дар моҳи март давом додани корҳои агротехникаи парвариши кишти тирамоҳӣ, кишти тухмиҳо, обёрӣ, мубориза бар зидди заррасонҳо (дар ҷануби мамлакат) мебошад. Дар шимол, яъне вилояти Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад. Сарфи тухми лаблабуи сурх 0,10 га аз 50 000 то 70 000 дона тухмӣ мебошад, киштро бо чуқури 5-7 см гузаронед. Навъҳои тавсияшаванда Пабло F1 (108-рӯза), Боро F1 (115-рӯза) мебошанд. Ғизодиҳӣ вобаста ба таҳлили хок бо меъёри муайян гузаронида шавад, N-70 кг, P-50 кг. K-30 кг. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У-9 05 л + 1 л/га Оракул МКС тавсия дода мешавад. Ҳатман нармкунии байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона ва обёрӣ иҷро карда шаванд. Дар мубориза бар зидди зараррасони кирми тирамоҳӣ аз маводи НуреллД 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га якҷоя бо 300 л об маҳлул карда истифода баред.