Мавсими кишти карами брокколӣ дар замини кушод низ наздик омада истодааст. Дар мадди аввал, бояд навъи босифати серҳосилро интихоб кардан лозим аст. Навъҳое, ки дар шароити Тоҷикистон бисёртар маъмуланд, ин навъи Фиеста, Тиброн ва Лакки мебошад. Истифодабарии навъҳои дар боло зикршуда тавсия дода мешавад. Баъди интихоби навъи брокколӣ оид ба усули дурусти кишт ва нигоҳубини он дар замини кушод аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Зироати мазкурро бо ду усул мешинонанд: кӯчатӣ ва тухмӣ.

Кӯчати карами брокколиро дар гармхонаҳо метавонед парвариш кунед ва баъд аз омода шудани кӯчат ва мӯътадил шудани ҳарорати ҳаво, тақрибан нимаҳои моҳи март метавонед дар замини кушод кӯчатро шинонед.

Барои омода кардани кӯчат чӣ бояд кард? Дар сандуқи чӯбин хок, қум, поруи пӯсида ва хокистарро омехта кунед. Барои кишт тухмиҳои калонтарини карами брокколиро интихоб кунед, баъдан дар муддати 15-20 дақиқа дар оби гарм нигоҳ доред. Баъд аз 15-20 дақиқа тухмиро дар оби хунук тар карда, дар сандуқи омодашуда, дар чуқурии 1-1,5 см бо масофаи 3 см кишт кунед. Тухми киштшударо дар ҷои ҳарораташ  20°С нигоҳ доред. Баъди сабзиши аввалин, ҳароратро то ба +10°С паст кунед. Баъдан, ҳароратро якхела нигоҳ доред, агар: ҳаво офтобӣ бошад, бояд +16°С, ҳангоми хира будани ҳарорат дар дараҷаи +14°С таъмин карда шавад.