Нуриҳои сидералӣ/нурии сабз – ин растаниҳоянд, ки барои захира намудани маводи ғизоӣ ва баъдан барои истифода аз тарафи зироати асосӣ парвариш карда мешаванд. Вақте ки онҳо миқдори максималии биомассаро ҷамъ карданд, онҳо ба қабати болоии хок дароварда мешаванд. Азбаски онҳо одатан пеш аз гулкунӣ даравида мешаванд, парвариши нурии сабз аз парвариши зироатҳои лӯбиёгӣ дар киштгардон фарқ мекунад.

Пас аз ба хок пошидан, маводи тару тозаи растанӣ моддаҳои ғизоиро зуд хориҷ мекунад ва дар муддати хеле кӯтоҳ пурра мепӯсанд. Маводи кӯҳна ё сахт (масалан, пахол, навдаҳо ва ғ.) нисбат ба маводи мулоим оҳистатар мепӯсанд. Аз ин рӯ, пӯсиши он мусоидтар барои ҷамъ шудани моддаҳои органикии хок назар ба ғизодиҳии зироат мебошад.

Барои ба даст овардани маводи тару тозаи растанӣ, киштзорро пурра бо нурии сабз кишт кардан лозим нест: маводи растаниро дар ҷои дигар ҷамъоварӣ карда, сипас ба хок андохтан мумкин аст.

Нуриҳои сабз як қатор афзалиятҳо доранд:

  • Решаҳои онҳо ба хок ворид шуда, онро ковок мекунанд ва ғизоҳоеро, ки дар акси ҳол шуста мешаванд, пайваст мекунанд.
  • Онҳо афзоиши алафҳои бегонаро пахш мекунанд ва хокро аз шусташавӣ ва таъсири нури офтоб муҳофизат мекунанд.
  • Агар зироатҳои лӯбиёгиро ҳамчун нурии сабз истифода баранд, азот аз ҳаво ба хок ҷамъ карда мешавад.
  • Баъзе зироатҳои сидералиро ҳамчун растаниҳои хӯроки чорво, ё ҳатто истеъмол кардан мумкин аст (масалан, лӯбиё ва нахӯд).
  • Дар натиҷаи пӯсидани нуриҳои сабз ҳама намудҳои ғизо ҷудо мешаванд ва барои азхудкунии зироати асосӣ мӯътадил мегарданд, ки ҳосилнокии онро зиёд мекунанд.
  • Даровардани маводи растанӣ фаъолияти организмҳои хокро афзоиш медиҳад ва ба ҷамъшавии моддаҳои органикӣ дар хок мусоидат мекунад. Ин сохтори хокро беҳтар намуда, қобилияти нигоҳ доштани намиро афзоиш медиҳад.

Ҳамин тариқ, нуриҳои сабз – ин усули камхарҷи баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва бо маводи ғизоӣ таъмин кардани зироатҳои асосӣ мебошад.