Барои боғи гелос дар моҳи март тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо шарт мебошад. Инчунин, гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон аз мадди назар дур нест. Баҳор барвақт омада истодааст ва дарахтони гелос бедор шуда истодаанд, аз ин лиҳоз пеш аз гулкунӣ коркард бо фунгитсиди Хорус 0,3 кг ё  Косайд 2,0 кг+2 л Актеллик + 10 л равғани Ариа 80% якҷоя бо 800-1000 л об омехта, то гулкунӣ коркард кардан тавсия дода мешавад. Ин коркард барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои клястеспориоз, кокомикоз, шилмбарории гелос ва ҳашаротҳои сипарболак, тортанаккана натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пошидани маводи Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л обро пеш аз гулкунӣ истифода баред. Обёриро вобаста бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.