Барои токзор дароварани нуриҳои органикӣ, побел кардан, тоза кардани ҷӯйборҳои ангурзор аз алафҳои бегона мебошад. Нуриҳои органикиро дар гирду атрофи ниҳоли ангур рехта дар чуқурии 20 — 25 см хокро коркард намоед. Тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ чунин аст: дар масофаи 50 см аз танаи растанӣ аз чор тараф чуқурича канда нуриро рехта болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии он аз 20 то 25 см бошад, кифоя аст. Меъёри нуриҳо вобаста ба синну соли ангур ба назар гирифта мешавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст. Инчунин тавсия дода мешавад, ки танаи ангурро бо маҳлули оҳак+поруи чорво+хоки тоза коркард карда шавад. Агар дар дохили ангурзор кирми ордакмонанди ангур бошад, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсиди Актеллик 2 л+20 л, Равғани Ариа 80%+ 3 кг Косайд фунгитсид бо 1000 л об маҳлул карда, навдаҳо ва танаи ангурро то гардани реша коркард карда, гирду атрофи решаро тоза ва побел кардан тавсия дода мешад. Бар зидди касалии Антракноз 20 л Равғани Ариа 80%+ 3 кг Косайд фунгитсид бо 1000 л об маҳлул карда пошидан лозим аст.