Барои дарахти шафтолу дар моҳи феврал бояд буриши шоху навдаҳои ба касалӣ гирифторшуда ва навдаҳои нодаркор тавсия дода мешаванд. Бурида партофтани навдаҳое, ки ба якдигар халал мерасонад, каҷанд ва навдаҳои паҳлӯгӣ бамавриданд. Инчунин, тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, побел кардани гирду атрофи дарахт то 10-15см, яхобмонӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар моҳи июл ва август надароварда бошед). Барои ҳар як гектари боғи ҳосилдиҳанда 150  кг суперфосфат ва 100  кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст. Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш, буз), сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза+ 1 кг поруи гов+50мл БИ-58 Новий, ё (2-3л шири оҳак+ 0,5 кг купороси мис+1 кг хоки тоза+ Би 58-и нав 50мл  ва 1 кг поруи гов) якҷоя бо 10л об маҳлул омода намуда молидан зарур аст. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон дар вақти оромӣ  бо моеи Бордосии 3%, ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан тавсия дода мешавад.

Инчунин, ташкил кардани боғҳои нав, шинонидани ниҳолҳои шафтолу. Ҳангоми барвақт омадани баҳор ва бедор шудани дарахтони шафтолу, коркард бо фунгитсиди Скор 3гр, 6мл Карате+20гр равғани Ариа 80% то гулкунӣ коркард кардан тавсия дода мешад. Равғани Ариа 80% муғчаҳоро аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад ва барвақт шукуфтани гулҳоро суст мекунад.

Назорати доимии боғи шафтолу аз касалӣ ва зараррасонҳо омили дарозумрии он ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз як қатор чорабиниҳои агротехникиро дар боғи шафтолу ба анҷом расонидан лозим аст. Пеш аз ҳама буриши санитариро ба роҳ монда, шоху навдаҳои аз касалию зараррасонҳо ва аз таъсири механикӣ зарардидаро бурида, несту нобуд намудан муҳим аст. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошанд, ҳатман узвҳои зарардидаро бо корди тез тоза намуда, баъд бо маҳлули 3% купороси мис коркард намудан даркор аст. Баъд аз он ҷойҳои коркарднамударо бо рангҳои равғанин ранг кунед. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150  кг суперфосфат ва 100  кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан зарур аст. Нуриҳоро дар боғҳои ҳосилдиҳанда дар чуқурии на кам аз 30 см истифода намоед. Барои намиғундории хуби хок ва несту нобуд гардидани касалӣ ва зараррасонҳои дар хок маскангирифта ҳатман хоки байни қаторҳоро коркард намоед.