Моҳи феврал дар боғи себ гузаронидани буриши шоху навдаҳои касал ва нодаркор тавсия дода мешавад. Инчунин тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, побел кардани гирду атрофи тана то10-15 см, яхобмонӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед). Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150  кг суперфосфат ва 100  кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулкунӣ ба нақша гиред. Нуриҳои органикӣ ва минералӣ ҳангоми истифода бурдан ҳатман бояд бо хок омехта кунед. Дар гирду атрофи дарахтони дар талу теппаҳо бунёдгардида, ҳатман кандани хандақчаҳо барои захира гардидани намӣ ба назар гиред.

Дар шароити заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими намиғундории хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.

Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш, буз) сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза +1 кг, поруи гов+50мл БИ-58 Новий), ё (2-3л шири оҳак+ 0,5 кг купороси мис+1 кг хоки тоза+ Би 58-и нав 50мл  ва 1 кг поруи гов) якҷоя бо 10л об маҳлул намуда, молидан зарур аст. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо дар вақти оромӣ (агар боғ ба касалии сӯхтагии бактериявӣ (Бактериалный ожог) гирифтор шуда бошад, бо моеи Бордосӣ 3%, ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан, бар зидди зараррасони Сипарболак (Белокрылка) то бедоршавии муғчаҳо бо Фунгитсиди Косайд 3 кг+2л Актеллик+ 30л равғани Ариа 80% якҷоя бо 1000л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешад.