Дар моҳи феврал бояд дар сатҳи ҷойгиршавии реша хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад. Ин имконияти захира гардидани намии зарурӣ дар вақти оромии дарахт мегардад. Чормағззорҳое, ки дар талу теппаҳо бунёд гардидаанд, ҳатман дар гирди танаи дарахт барои ҷамъ шудани об хандақчаҳо кандан лозим аст. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгиро фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад, нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок маҳкам намудан лозим аст. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150  кг суперфосфат ва 100  кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан зарур аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон ба нақша гиред. Шоху навдаҳои аз касалию зараррасонҳо ва аз таъсири механикӣ зарардидаро бурида, несту нобуд кунед. Агар дар дохили боғ касалиҳо ва зараррасонҳо бошанд, коркарди кимиёвӣ гузаронед. Бар зидди касалиҳо маҳлули бордосии 3% ё Косайд 2,5 кг ба 1000л об омехта карда, то бедоршавии мурғчаҳо пошед. Агар дар даруни тана кирм бошад ё дарахт қадаш баланд бошад, дар вақти бедоршавӣ ва нашъунамо инсектитсиди Актара истифода баред (10гр бо 10л об омехта карда). Маҳлули омодашударо дар гирду атрофи дарахт хандақча карда, маҳлулро резед ва бо хок рӯйпӯш кунед. Ин коркардро дар давоми сол 3 маротиба такрор кунед.