Барои дарахти нок дар моҳи феврал бояд буриши шоху навдаҳои ба касалӣ гирифторшуда ва навдаҳои нодаркор гузаронида шаванд. Навдаҳоеро, ки ба якдигар халал мерасонанд, каҷанд ва навдаҳои паҳлӯгӣ ҳастанд бурида партофтан лозим. Инчунин, тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, побел кардани гирду атрофи дарахт то 10-15см, яхобмонӣ, даровардани ғизоҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар моҳи июл ва август надароварда бошед).

Барои ҳар як гектари боғи ҳосилдиҳанда 150  кг суперфосфат ва 100  кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст.

Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш, буз) сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза+ 1 кг поруи гов+50мл БИ-58 Новий, ё (2-3л шири оҳак+ 0,5 кг купороси мис+1 кг хоки тоза+ Би 58-и нав 50мл  ва 1 кг поруи гов) якҷоя бо 10л об маҳлул омода намуда молидан зарур аст. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон дар вақти оромӣ бо моеъи Бордосии 3%, ҳангоми гармии ҳаво аз +5°С баланд будан, агар боғи нок ба касалии сӯхтагии бактериявӣ (бактериальный ожог), зараррасони Асалак (Медяница) дошта бошад, то бедоршавии мурғачаҳо Фунгитсиди Косайд 3 кг+2л Актеллик+ 30л равғани Ариа 80% якҷоя бо 1000л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Даровардани нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулкунӣ ба нақша гиред.