Буриши санитарии шоху навдаҳои аз касалию ҳашаротҳои зараррасон осебдидаро гузаронидан лозим аст. Бехи дарахтон то зери шохсор бояд бо маҳлули 20% оҳакоб ва бо иловаи маҳлули 5% купороси мис сафед карда шавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст.

Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред. Коркарди байни қаторҳоро баъд аз рехтани баргҳо гузаронед. Агар рушду нумуи растаниҳо заиф бошад ҳатман истифодаи нуриҳои органикиро ба нақша гиред. Нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мавриди истифода ҳатман бояд бо хок омехта карда шаванд.

Дар гирду атрофи дарахтони дар талу теппаҳо бунёд гардида ҳатман кандани хандақчаҳо барои захира гардидани намиро ба назар гиред. Дар шароити заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими намиғундории хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.

Инчунин шоху навдаҳои аз касалии сӯзиши бактериявӣ зарардидаро ҳатман нозукона дар ҷои алоҳида ҷамъоварӣ намуда, сӯзонидан лозим аст.

Хурсандӣ Сафаралиев