Барои соли оянда омода намудани замин як қатор чорабиниҳои агротехникиро ба анҷом расонидан лозим аст. Гирифтани ҳосили фаровон танҳо аз хоки серҳосил вобастагӣ дорад. Ба ҳар як гектар вобаста аз имконият аз 10 то 30 тонна поруи пӯсида ва 250 кг суперфосфат ва 200 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) пошидан лозим аст. Ин нуриҳоро баъд аз гузаронидани ҷуфт пошида, баъд аз он мола намуда, нисбатан зери хок кардан зарур аст.

Ҳеҷ гоҳ поруи тару тоза нимпӯсида ва ё нопӯсидаро истифода накунед. Ин ҳолат ба сабзидани шумораи зиёди алафҳои бегона ва зиёд гардидани касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ боис мегардад. Ин касалиҳо дар давраи нашв ба растаниҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.

Киштгардонро фаромуш накунед. Қитъаи помидорро бо бодиринг барои гузаронидани киштгардон дар соли оянда иваз карда метавонед. Ҳамасола дар як ҷой кишт намудани як зироат боиси зиёд гардидани касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасони зироати парваришшаванда мегардад.

Агар хоҳед, ки парвариши зироатҳои сабзавотиро дар шароити гармхона ба роҳ монед, ҳатман бо харҷи кам гарм кардани онро фикр кунед. Ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гуногун аст ва ба ҳама имконият намедиҳад, ки бо харҷи кам гармхонаро бо гармии зарурӣ таъмин намояд. Ҳарорати ҳаворо дар дохили гармхона аз +200 то +250 С нигоҳ доштан муҳим аст. Дар дохили гармхонаҳо сабзавотҳои навъҳои гармхонагиро истифода намудан лозим аст. Давоми як моҳ кӯчати зироатҳои сабзавотӣ парвариш карда шуда, баъд аз он ба гармхонаҳо кӯчонида мешавад. Дар дохили гармхона системаи обёрии қатрагиро ба роҳ монед.

Ҷамъоварии ҳосили киштзори сабзӣ дар кишти такрорӣ низ ба охир расид. Кишоварзон бояд фикри омода намудани заминро барои кишти соли оянда намоянд. Дар навбати аввал бояд киштгардон ба назар гирифта шавад. Растаниҳои лӯндамева ва бехмева барои сабзӣ пешинакишти хуб ба ҳисоб намеравад. Дар заминҳои барои кишти сабзӣ омодашаванда бо меъёри 250 кг суперфосфат ва 150 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) пошидан лозим аст.

Нуриҳои минералӣ то фасли баҳор дар хок хуб ҳазм гардида, дар вақти кишти зироати сабзӣ ба растанӣ дастрас мегардад. Нуриҳои нитрогениро дар давраи нашв ба нақша гирифтан лозим аст. Истифодаи нуриҳои органикӣ барои кишти сабзӣ мувофиқи мақсад нест. Барои он ки бештар вақт дар киштзорҳои пору истифодашуда пӯсиши бехи сабзӣ ба назар мерасад. Истифодаи поруи пӯсида бояд дар зироати пешинакишти сабзӣ ба назар гирифта шавад.

Хурсандӣ Сафаралиев