Барои зардолу дар моҳи декабр тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

тоза кардани боғҳо аз боқимондаҳои алафҳои бегона дар байни дарахтҳо;

  • тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ;
  • даровардани ғизоҳои маҳаллӣ;
  • ҷуфткунии байни қаторҳо;
  • буриши шохаҳо;
  • шаклдиҳии дарахтон;
  • ҷамъоварии поруҳои органикӣ;
  • тайёр кардани компост;
  • даровардани поруҳои пӯсида дар байни қаторҳои зардолу;
  • нармкунии байни қаторҳо;
  • побел кардани таги дарахтҳо;

Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз ҳашаротҳои хоянда (харгӯш, буз) сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак, хоки тоза, заҳрдоруи Би 58-и нав ва поруи говро якҷоя намуда молидан чорабинии зарур дониста мешавад. Коркард бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо дар вақти оромӣ бояд гузаронида шавад.

 Максут Отабеков