Барои намиғундории беҳтари хок ва несту нобуд кардани ҳашаротҳои маскангирифта, байни қаторҳоро коркард намудан лозим аст. Барои нест шудани касалиҳо вобаста ба имконият буриши санитариро ба роҳ мондан муҳим аст. Дар буриши санитарӣ шоху навдаҳои касал ва аз таъсири механикӣ осебдидаро бурида, дар як ҷои алоҳида ҷамъоварӣ карда, сӯзонидан тавсия дода мешавад.

Агар дар дохили боғ хояндаҳо мавҷуд бошанд, ҳатман домҳо бо истифода аз заҳрдоруҳоро истифода намудан лозим аст.

Вобаста ба нашъунамои токзор ва синну соли он нуриҳои минералӣ аз ҷумлаи суперфосфат ва сулфати калийро истифода намоед. Нуриҳои номбаршуда нуриҳои дар хок дерҳазмшаванда ба шумор мераванд ва то фарорасии фасли баҳор барои растанӣ дастрас мегарданд.

Истифодаи нуриҳои нитрогениро дар аввали давраи нашв (фасли баҳор) ба нақша гирифтан лозим аст. Дар токзор истифодаи нуриҳои органикиро (поруи пурра пӯсидашударо) дар 3 сол як маротиба ба назар гирифтан лозим аст. Ҳар сол паиҳам истифода намудани нуриҳои органикӣ низ ба ҳосилнокии токзор таъсири манфӣ мерасонад. Яъне боиси сабзидани шоху навдаҳои нашвӣ мегардад. Узвҳои генеративӣ (ҳосилдиҳанда) кам месабзанд. Нуриҳои органикиро дар гирду атрофи растании ток рехта дар чуқурии 20 то 25 см хокро коркард намоед.

Тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ бошад чунин аст: дар масофаи 50 см аз танаи растанӣ аз чор тараф чуқурича канда, нуриро рехта болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии он 20 то 25 см бошад кифоя аст. Меъёри нуриҳо вобаста ба синну соли ток ба назар гирифта мешавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст.

Хурсандӣ Сафаралиев