Баъди омода шудани кӯчати зироати брокколӣ онро метавонем дар дохили гармхона шинонем. Барои ин чӣ бояд кард ва шинонидани кӯчатро кай бояд оғоз кард?

Одатан, синну соли ниҳолҳои брокколӣ пеш аз шинонидан дар замини кушод на бештар аз 40-50 рӯз аст. То ин вақт ниҳолҳо бояд панҷ ё шаш барги ҳақиқӣ дошта бошанд, ки ин нишонаи вақти шинониданаш расидан аст. Хоки мӯътадил барои карами брокколӣ хоки каме ишқордор ҳисобида мешавад, ки рН аз 6,5 то 7,5 аст. Ҳангоми шудгор кардани замин барои кишти карами брокколӣ даровардани поруи пӯсидашуда ва ё компост бо меъёри 3-4 кг дар як метри квадратӣ самараи хуб медиҳад.

Кӯчати карами брокколиро бояд саҳарии барвақт ва дар ҳавои тира шинонед. Нақшаи мӯътадили ҷойгиршавии кӯчат 35 ба 50-55 см мебошад. Шинонидани кӯчати карами броколлӣ ба монанди кӯчати помидор ва ё бодиринг мебошад. Фақат ки пеш аз ҷойгир кардани кӯчат ба замин аввал 6-7 гр нитроаммофосро ба ҷои шинонидашаванда андохта, бо хоки намнок хуб омехта кунед ва пас аз он кӯчатро шинонед.