Корҳои агротехникӣ дар моҳи ноябр давом додани кишти пиёзи миёнапаз ва дерпаз аст. Инчунин, тайёр кардани замин барои кишт, ҷуфт кардани замин, даровардани ғизоҳои минералӣ пеш аз кишт (нитроаммафоска 300кг, карбамид 50кг), интихоби тухмиҳои босифат, кишти тухми пиёз, коркард бо фунгитсидҳо ва инсектитсидҳо аз касалиҳо ва зараррасонҳо тавсия дода мешавад.

Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво чорабинии ғизодиҳӣ аз баргро гузаронед. Дар вақти нашъунамо то охири моҳи  ноябр ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (0,5л+1,0л), Оракул МКС якҷоя бо 300л об омехта карда, барои кӯчатҳои пиёзро аз хунукиҳо эмин доштан тавсия дода мешавад.

Максут Отабеков